октября 2017

Истифодаи нав­гони­­ҳои технологияи муо­сир дар ки­тобхонаҳои Тоҷикистон

Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захи­раҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овар­дани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.

Рӯзи тозакориҳо, рӯзи низофат

Имрӯз барои Китобхонаи миллӣ рӯзи поккориву низофат буд.

Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд.

Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.

Фарҳанг дар матбуоти ин ҳафтаи кишвар

Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.

Ба истиқболи Рӯзи кинои тоҷик 16-уми октябр мақолаи доктори илми фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо номи “Синамо ойинаи миллат аст” чоп шудааст. Муаллиф аз ҷумла менависад: “Синамо аз ҳунарҳоест, зодаи тамаддуни пешқадам.

Иржи Бечка – тоҷикшиноси барҷаста, муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар ҷумҳурии Чех

Шояд касе аз хориҷиён ба мисли Иржи Бечка адабиёт ва фарҳанги тоҷикро тарғибу ташвиқ накарда бошад. Ин олими барҷаста пайвандҳои ногусастанӣ бо Тоҷикистон дошт. Ва аз он ҳам меболид, ки Тоҷикистонро дӯст медорад.

Бечка Иржи 16 – уми октябри 1915 шаҳри Прагаи Чехия ба дунё омадааст. Тоҷикшиноси барҷастаи чех, доктори илмҳои фалсафа ва адлия, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990), дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, як умр

Имрӯз шоираи маъруф Марианна Фофанова ба синни 96 даромад

МАРИАННА ФОФАНОВА 21-уми октябри соли 1921 дар Заводи Пудеми Удмурдистон ба ҷаҳон омадааст. Дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Свердловск таҳсил кардааст. Солҳои ҶБВ ҳамшираи шафқат будааст. Соли 1943 ба Тоҷикистон омада, дар корхонаҳо кор кардааст.

Баъдан хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» будааст.

Соли 1949 Донишгоҳи адабиёти ба номи М. Горкийро хатм карда, хабарнигори «Литературная газета» дар Осиёи Миёна таъин шудааст.

Аз соли 1951 мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1968 мудири шуъбаи назми моҳномаи «Помир» будааст.

Азиз Несин-бузургтарин ҳаҷвнигори турк

Азиз Несин барои ҷомеаи Тоҷикистон шахси ноошно нест. Аз аввали солҳои 60-и асри гузашта аввал ягон-ягон ва баъдан теъдоди зиёди ҳикояҳои ӯ дар матбуоти кишвар нашр шуданд. Соли маҷмуъаи ҳикояҳои тарҷумашудаи адиб бо номи “Фонус” аз чоп баромад.

Азиз Несин 13 октябри соли 1915 дар Истамбул таваллуд шудааст.  Азиз Несин тахаллуси нависанда буд, номи аслиаш Маҳмуд Нусрат мебошад. Несин нависанда ва публитсисти турк,  устоди ҳаҷви сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муаллифи ҳикоя ва романҳои ҳаҷвист.  

Жола Бадеъ: Ман Шарқу Ғарбро дидааму дарк кардаам...

Донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб менависад: Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дуввуми худ ихтиёр намуда ва дӯст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва …нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ

Академик Пӯлод Бобоҷонов-ахтаршиноси маъруфе, ки ба ҷаҳониён ошност

Номи академик Пӯлод Бобоҷонов аз доира ва маҳдудаи Тоҷикистону атрофи он кайҳост берун шуда ва ба як шахсияти ҷаҳонӣ, олими пухтакору донишманд табдид ёфта. Дар адабиётҳои қаблии соҳаи кайҳоншиносии шуравӣ ва ҷаҳон дар кайҳон кашфи 400 метеор ва 20 сели метеориро ба номи олими тоҷик Пўлод Бобоҷонов пайванд медонанд.

Пўлод Бобоҷонов 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа – Истаравшани имрўза ба дунё омадааст. Ходими давлатӣ, астрофизик, академики Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1973)

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” бо ширкати Сафири Ҷопон ва ҳунармандон

“Асои сафед”. Чунин ном дошт чорабиние, ки ахиран шуъбаи Хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ кард. Дар он нобиноён ва дигар аъзоёни фаъоли шуъба ширкат намуданд.

Чорабинӣ ба Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” и Китобхонаи миллӣ мухтасар дар бораи ин рӯз ва фалсафаи он нақл кард.
Меҳмонии ин чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва

“Рушди кинои тоҷик – таҳкимгари фарҳанги миллӣ”

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, масъулини созмонҳои сенамои кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди кинои тоҷик – таҳкимгари фарҳанги миллӣ” бахшида ба “Рӯзи кормандони кинои тоҷик” баргузор гардид. Ташаббускори ин чорабинӣ шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Аз таърихи сенамои тоҷик

Сенамогарони тоҷик имрўзҳо дар кишварҳои хориҷ низ фаъолият намуда, бо офаридани филмҳои нав ба нав дар миқёси ҷаҳонӣ фарҳанги кинои тоҷикро густариш мебахшанд: «Қош ба қош» (соли 1993), «Падари маҳтобӣ» (соли 1999)-и Бахтиёр Худойназаров, «Парвози занбўр» (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан), «Фариштаи китфи рост» (соли 2002)-и

Сухан пирона гӯям дар ҷавонӣ...

Раҳмат Назрӣ аз наслест, ки солҳои 70 ба арсаи адабиёт қадам гузоштаанд. Солҳое, ки дасти ҷавонон адибони машҳуре чун Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода мегирифтанд. Ва аввалин маҷмуъаи шеърии Раҳмат Назрӣ ҳам соли 1973 бо сарсухани Боқӣ Раҳимзода чоп шудааст.

РАҲМАТ НАЗРӢ 15 – уми октябри соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш ва соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонидааст.Чанде мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1973-1979), коргузори Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1979-1983), мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири