сентября 2017

“Тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол”

Чунин ном дорад феҳристи тавсиявии адабиёти солҳои 1996 – 2000, ки Ҷӯрабой Раҷабов таҳияи кардааст. Ин китоб ахиран бо замбонҳои тоҷкӣ ва русӣ ба табъ расид.

Дастури мазкур барои дарёфти адабиёти дилхоҳ ба донишомӯзони соҳаи тандурустӣ  мусоидат менамояд.

Имрўз кормандони соҳаи тиб, алалхусус донишомӯзону унвонҷӯён ва устодон ба чунин дастуре ниёз доранд, то донанда, ки дар мавзуъҳои мавриди назарашон аз куҷо кадом адабиётро ҷӯёнд, аз кадом нашрия мақола хонанд. 

Дастури мазкур беш аз 500 номгўи адабиёти соҳаи тибби Тоҷикистони соҳибистиқлоли муталлиқ ба солҳои 1996 – 2000 ба забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ интишоршударо дар гирифтааст.

Оғози давраи навбатии омўзиши «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» дар Китобхона миллӣ

Шурўъ аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи дархости сардорони шуъбаҳо, Марказҳо ва фармони директори Китобхона, профессор Абдусалом Мирализода дарси омўзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» барои кормандони Китобхона шурўъ шуд.

Дарси аввал бо сухани ифтитоҳиии муовини

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳбуддин бинни Муҳаммад Ҳамадонӣ 12-уми моҳи раҷаби соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.

Дар таълим ва тарбияи Алии Ҳамадонӣ саҳми тағояш Сайид Алоуддинро бағоят калон аст. Сайид Алоуддин худ аз ашхоси бонуфўз ва маърифатноки давр буд ва дар тарбияи маънавии Алии Ҳамадонӣ саҳми

Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ. Гуфтумон дар бораи як мулоқоти таърихии ду бузургвор

Баъд аз намозро адо намудан, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ  дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар болои он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари  дар болои пул по гузоштаи Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва Мавлон дар ҳарос мешаванд, ки дар болои пул чи гуна мегузашта бошанд, дар ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро  фўрузон намуда, барои аз болои пул

Абурайҳон Берунӣ: олим, мутафаккир ситорашиноси тоҷик

Абўрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.

Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абўнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомўзад.

Ҷалсаи тантанавӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Профессор Мирализода қонеъ намудани эҳтиёҷи хонанда ба китобро вазифаи муқаддаси ҳар як корманди Китобхона донист. Шоир Хайрандеш ба унвони“Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ” сазовор гардид.

Имрӯз баъд аз зӯҳр дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида 26  умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мулоқот бо кормандони Китобхона доир гардид.

Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ арзиши олӣ барои ҳар як миллат аст, ки на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Ин арзиши муққадас баъди ҷонбозиҳои зиёд насиби миллати тоҷик гардидааст, ки дар таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Зодрӯзи Расул Ҳамзатов – дӯсти беғарази Тоҷикистон ва адибони тоҷик

Расул Ҳамзатов аз ҷумлаи маъруфтарин адибони замони Шӯравӣ дар қаламрави паҳновар буд. Адибе, ки даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт.  Шояд миёни адибони он замон серкитобтарин адибон ӯ буд. Маъруфияти хос дошт, ашъораш бо ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шудаву китобҳояш берун аз маҳдуди СССР ҳам борҳо интишор ёфтаанд. Ва муҳимтар аз ҳама дӯсти беғарази адибони тоҷик буд. Тоҷикистонро сарзамини

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.

Онлайн-конфронси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия.

Китбхонаи миллии Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар нархномаи пешниҳодии табодули китоб аз ҷониби Китобхонаи давлатии Русия шуд.

Рӯзи 7 – уми сентябр миёни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи давлатии Русия дар мавзуъи «Пешниҳоди  хизматрасонӣ  оид ба абонементи  байни  китобхонаҳо  ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ» онлайн-