февраля 2017

Низомуддин Алишери Навоӣ

Низомуддин Алишери Навоӣ аз ҷумлаи маъруфтарин адибони ҳавзаи адабии Ҳирот аст, ки чун поягузори адабиёти узбек шинохта шудаст.
Нуҳуми феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳирот (қаламрави имрӯзаи Афғонистон) таваллуд шудааст. Шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти класикии ўзбек, ходими давлатӣ.
Падари Навоӣ Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ў ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр

Тафреҳ: Аз Ҳаким Хайёми Нишопурӣ хонем

Дар даҳр чу ман бандаи камтоат нест,
Ҷуз маъсияту бода маро одат нест.
Эзид донад ҳоли маро дар дӯзах,
К-андар  тафи гармоба маро тоқат нест.

***   ***   ***

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
В-эй хок, агар синаи ту бишкофанд,

Аз 5-ум то 11-уми феврали соли 2017

5 феврал соли 2017
140 солагии зодрӯзи Владимир Миновский (1877-1966), шарқшиноси рус, муҳаққиқи адабиёти классики форс-тоҷик.
70 солагии зодрӯзи Аҳмадҷон Ҳаитов (1947), доктори илми кишоварзӣ, профессор.
70 солагии зодрӯзи Равшан Ғаниев (1947), журналист.
70 солагии зодрӯзи Сафаралӣ Қурбонов (1947), арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон,

Ганҷинаи иттилоот ва маълумотномаҳо ( Хазинаи бойгони иттилоот)

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз соли 1938 шуруъ намуда, аз рўзи оғози фаъолият то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Шуъбаи мазкур дорои сарчашмаҳои бузурги иттилоотӣ, энсиклопедияҳо, маълумот­номаҳо ва луғатҳо бо забони русӣ мебошад.

Дар аввалин моҳи соли равон 3260 нафар ба узвияти Китбхонаи миллӣ пазируфта шудаанд

Дар  аввалин моҳи соли ҷорӣ 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан кардаанд ва бо шароитҳои он ошно шудаанд.
Моҳи январи соли равон 3 ҳазору 260 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд аст.
Таҳлилҳо ҳокӣ аз онанд, ки бо ин суръат афзудани сафи хонандагони тозааъзо метавонад то охири

Абдулҳамид Самад - адиби ҷӯянда ва навнависи кишвар имсол ба синни 70 қадам мегузорад

Абдулҳамид СамадНависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад 5-уми августи соли 2017 ба синни мубораки 70 қадам мегузорад.
Ҳаводорони ашъораш, хонандагони сершумораш ва аз дӯстону ҳамқаламонаш бояд ин рӯзро дар ёд дошта бошанд ва табрики адиби хушкаломро фаромӯш накунанд.
Абдулҳамид Самад зодаи ноҳияи Ховалинг буда, замоне ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд.

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...

Чунин ном дошт маҳфиле, ки ахиран дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ба муносибати зодрўзи Луи Брайл-бунёдгузори алифбои брайлӣ барои нобиноён баргузор шуд.
Эсануғлии Ҳотам, барандаи маҳфил дар суханони муқаддимавии худ ҳадафи маҳфилро баён кард ва гуфт имрӯз зодрӯзи яке аз барҷастатрин шахсиятҳои таърихи башар аст, ки роҳи миллионҳо нобиноро дар тӯли таърих бо нури дониш мунаввар кардаву ин афродро хондану

“Роҳнамои довталаб...” дар Китобхонаи миллӣ

Акнун довталабон метавонад бидуни муроҷиат ба Маркази милии тестӣ ҳам раҳнамоӣ ёбанд. Барои ин омадан ба Китохонаи миллӣ ва дархост кардани китобчаи “Роҳнамои довталаб: дастури иттилоотию методӣ” кофист, ки бо қоидаҳои қабул ба муассисаҳои оливу миёнаи махсуси кишвар шинос шаванд.
Ахиран Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаи «Роҳнамои довталаб: дастури иттилоотию методӣ”-ро ба

Пешвои ваҳдатсоз ва пуштибони ҷавонон

Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишвар дар қатори дигар арзишҳои моддию маънавӣ захираҳои инсонӣ, аз ҷумла насли ҷавон ба шумо меравад. Ин ҳақиқати бебаҳс аз мо тақозо мекунад, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди чомеа диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон

Чопи китоби Пешвои миллат “Имоми Аъзам” дар Кобул

Донишманди шинохтаи Афғонистон доктор Муҳийиддин Маҳдӣ мегӯяд “Пайравони мазҳаби Имом Абуҳанифа ҳиндустониҳо, покистониҳо, бангладешиҳо, туркҳо ва афғонҳо низ мебошанд. Бонобарин пешниҳод менамоям, ки ин китоб (Имоми Аъзам”-и Эмомалӣ Раҳмон) ба забонҳои ҳиндӣ, урду, банголӣ, таркӣ, ӯзбекӣ ва пашту тарҷума шавад”.
Интишороти “Амирӣ”-и шаҳри Кобули Ҷумҳурии

Ҷомеаи байналмилалӣ ва мубориза бо забони ғайримеъёрӣ: Дар Тоҷикистон чӣ?

Ҳамасола дар сар то сари олам 3-уми феврал чун рӯзи ягонаи мубориза бо забони ғайримеъёрӣ таҷлил мешавад. Ин ба он маъност, ки калимоту ибороти дағалу дурушт ва таҳқиромезу тавҳиномез аллакай як дарди башарист, ки бо он дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Ба мисли бемориҳои сироятпазир, ки муборизаи умумиро тақозо доранд. Ва хилофи меъёри пазируфта суҳбат кардан ҳам як навъ беморист ва ин ҳам чун дигар касалиҳои сироятӣ хостори муборизаи ҳамагонист.
Ҷомеаи байналмилал бонги хатар мезанад, ки забон набояд олудаи фаҳшову таҳқиру тавҳин бошад.

Сафари Ҳуринисо Ализода ба Шаҳри Ёдҳо

Китоби нави рӯзноманигори шинохта ва донишманди варзида Ҳуринисо Ализода чунин ном дорад: Сафар ба шаҳри ёдҳо.
Ва дар сароғози китоб омада: “Дар навиштаҳое, ки манзур мешаванд, ҷое дилҷӯ образе ҷилва мекунад, ҷое ҷумлае чун сатре шеър истиқбол мешавад ва дар маҷмуъ муҳим он аст, ки касро фаро мегираду ба андеша вомедорад. Перомуни масъалаҳое ба андеша вомедорад, ки муаллиф самимона ба андеша гирифтаву мехоҳад мавриди андешаи дигарон низ бошад”.
Ҳуринисо Ализода ба хонанда шахси ноошно нест. Чакидаҳои хомаашро солҳост, ки мехонанд ва интизорӣ мекашанд.