января 2017

Таъмири 2405 китоб дар як сол

Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар тӯли як сол  2405 нусха китобро таъмир кардааст. Аз ҷумла, бо таҷҳизотҳои махсус 90 104 варақаҳои дархостиро буриданд ва 26 000 баргаҳоро сӯрох намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботи шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.

Толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ имрӯз

Аз субҳи имрӯз, 5-уми январ ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонандагон буд. Аз сӯйе таътили мактаббачагон онҳоро ба китобхона кашидааст ва ҷониби дигар ин донишҷӯёни макотиби олии кишваранд, ки ба имтиҳонҳои нимсола омодагӣ мегиранд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод гузорише мебошанд аз чандин толорҳои хониш, ки мебинед.

Ёди гулӯсӯзи устоди китобам...

Хурд будам. Аввали соли хониш буд. Мо нав аз синфи ибтидоӣ ба синфи панҷум гузашта будем.
Баъд аз шиносоӣ бо роҳбари синфамон муаллима Марзия Утаева ва синфхонаи навамон, мо ба саҳни мактаб баромадем ва ман ҳамроҳи писархолаам Фурқат, ки якҷо ба мактаб рафта меомадем, бо мақсади обнўшӣ паси бино гузаштем. Он ҷо шоҳиди як воқеа шудам, ки дар тўли чор соли таҳсилам чунин воқеаро дар миёни гурўҳи ҳамсинфон ёд надоштам. Ҳамсинфон дар

Дар як сол хонандагони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 5 920 адабиёти нодир мутолиа кардаанд

Кормандони Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ дар як сол 32 мақола аз фаъолиятҳои худ интишор додаанд.
Соли 2016 Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба 5017 нафар хонанда хизмат расондааст, ки нисбат ба як соли пеш 2416 зиёд мебошад.Дар як сол хонандагони шуъба бо 5 ҳазору 920 адабиёти нодир ошно шудаанд.
Бо истифода аз технологияи муосири иттилоотии компютерӣ, сабти номи муштариёни шуъба дар

38 нафар кормандон давраҳои омӯзишии Маркази такмили ихтисосро хатм карданд

Соли 2016 бори аввал бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ курсҳои сайёри кутоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар минтакаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуд
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхона дар соли 2016 -ум   курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 18 нафар ва курси омўзиши “Фаъолияти китобдорӣ”-ро 20 нафар

Тафреҳ: Як ғазали нағз аз хоҷаи Шероз

Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.

Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.

Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.